Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии RWB аз хабарнигори тоҷик


Созмони байнулмилалии “Гузоришгарони бидуни марз”, мақараш дар Порис, хостори раҳоии хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов шуд. Дар як баёнияи ин созмон гуфта шудааст, ки хабарнигори маҳаллӣ барои матолиби фошкунандаи фасод, панҷ ҳафта боз дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад

Ба иттилоъи “Гузоришгарони бидуни марз”, “Исмоилов бо дастури додситони ноҳияи Ашт як рӯз баъд аз нашри матлабе боздошт шуд, ки дар он аз фасодзадагӣ ва аъмоли ғайриқонуни мақомоти маҳаллӣ сухан мерафт. Ин матлаб дар нашрияи “Истиқлол” чоп шуда буд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори чанд нашрияи мустақил, аз ҷумла, “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар “тӯҳмат”, “барангехтани низоъи мазҳабиву қавмӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муттаҳам мешавад. Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ба тафтиши воқеъбинонаи парвандаи ӯ аз сӯи додситони ноҳия шубҳа кардааст. Мурофиаи додгоҳии хабарнигор бояд охирҳои моҳи январ баргузор шавад.

Аз ин пеш Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, ҳам хостори раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буд.

Нина Огниянова, як масъули ин ниҳод гуфта буд, кумитаи дифоъ аз журналистон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бино ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва асли озодии матбуот, иттиҳомоти тӯҳмат ва пахши иттилои нодурустро, аз ҷурми ҷиноӣ ба ҷурми маъмурӣ табдил диҳад.

Иттиҳоми хабарнигор ба "тамаъҷӯӣ"

Додситонии ноҳияи Ашт мегӯяд, гумонбар шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов ба талаби пул аз нафаре, ба истилоҳи қонунӣ - “бо роҳи тамаъҷӯӣ” сабаб шуд, то рӯзноманигор замони тафтиши парванда паси панҷара андохта шавад. Дар канори он, додситонӣ ӯро барои тӯҳмату таҳқир ва барангезиши маҳалгароӣ айбдор кардааст. Тафтиши ин парванда ҳоло аз ҷониби додситонии ноҳияи Ашт ҷараён дорад.

Рӯзноманигорони тоҷик боздошти ҳамкасби худ – Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо нигаронӣ истиқбол карда, онро ба фаъолияти касбии ӯ ва чопи мақолаҳои танқидӣ рабт медиҳанд. Сардабири нашрияи мазкур – Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, рӯзноманигори нашрияаш дар ноҳияи Ашт аз қонуншиканиҳои мақомоти маҳал дар мавзуъҳои мухталиф менавишт ва ин мақомотро нороҳат мекард.

Даъват ба пажӯҳиши вижаи айбнома

Ҷӯра Юсуфӣ - муовини сардабири ҳафтаномаи “Вароруд” дар Хуҷанд гуфт, аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон даъват мекунад, дар канори таҳқиқоти мақомот як пажӯҳиши вижа дар бораи боздошти ҳамкасби худ анҷом диҳанд. Вай мегӯяд, гунаҳкорӣ ё бегуноҳии ӯро додгоҳ муайян хоҳад кард, аммо боздошти як рӯзноманигор дар пайи чопи матолиби танқидӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон ва обрӯву эътибори ин кишвар дар ҷаҳон латма хоҳад зад.

Ба ақидаи Алии Муҳаммадӣ - як вакили дифоъи тоҷик, агар рӯзноманигор ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуда бошад, ба хотири таъмини шаффофият беҳтар мебуд, ин қазияро оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, яъне – як тарафи сеюми бетараф таҳқиқ мекард. Зеро додситонӣ низ дар бархе аз мақолаҳои рӯзноманигори “Нури зиндагӣ” танқид шудааст.

Боздошти ғайриқонунӣ?

Аз тарафи дигар, аз нигоҳи ин ҳуқуқшинос, мақомоти тафтишот нахуст мақолаҳои Исмоиловро ҷиҳати ташхис ба гурӯҳи коршиносонон пешниҳод мекард ва баъди гирифтани хулосаи онҳо нисбат ба рӯзноманигор айб эълон мекард. Аммо тавре ки сардабири “Нури зиндагӣ” мегӯяд, мақомот аввал рӯзноманигори ин нашрияро боздошт, сипас аз нашрия мақолаҳои ӯро талаб кард.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, коршиносонаш ба пажуҳиши қазияи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов шурӯъ кардаанд. Ва Муҳаббат Ҷӯраева - вакили дифоъи ин анҷуман, ҳимояти Исмоиловро замони тафтиши парванда бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG