Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Дилшод Назаров дар Хорватия


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар шаҳри Загреби Хорватия медали тилло ба даст овард.

Дилшод Назаров бо натиҷаи 80 метру 30 сантиметр ғолиби сабқат шуд.

Қаҳрамони Олимпиадаи Пекин Примож Космус, аз Словения, ки натиҷааш нисбат ба Дилшод 2 cантиметр камтар аст, дар ҷои дуввум қарор гирифт. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 79 метру 86 сантиметр севум шуд.
XS
SM
MD
LG