Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо: "Омодаем, бо Эрон гуфтугӯ кунем"


Дар акс: Кетрин Эштон бо ҳамроҳии Саиди Ҷалилӣ. Туркия, моҳи январи соли 2011
Дар акс: Кетрин Эштон бо ҳамроҳии Саиди Ҷалилӣ. Туркия, моҳи январи соли 2011

Иттиҳоди Аврупо гуфт, агар пешшарте нагузорад, омодааст, гуфтушуниди пурмӯҳтавоеро бо Теҳрон шурӯъ кунад.

Сухангӯи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Майкл Манн ин нуктаро дар посух ба изҳороти мақомоти Эрон баён дошт.

Хабаргузории нимарасмии “Меҳр” ба нақл аз як намояндаи аршади Эрон навишт, музокиракунандаи умури ҳастаии Эрон Саиди Ҷалилӣ ба зудӣ бо номае ба Иттиҳоди Аврупо муроҷиат хоҳад кард, ки аз омодагии Теҳрон ба гуфтушунид бо қудратҳои ҷаҳонӣ паём хоҳад дод.

Ин гуфтушунид дар авҷи ташаннуҷ байни Эрон ва Ғарб сари барномаи ҳастаии Теҳрон қатъ шудааст. Қудратҳои ғарбӣ Эронро ба кӯшиши сохтани силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва Теҳрон ин иттиҳомро рад менамояд.

Майкл Манн мегӯяд, Кетрин Эштон -- масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо моҳи ноябри соли 2011 барои азсаргирии гуфтугӯҳо бо Эрон нома навишта буд, вале то кунун посухе дарёфт накардааст. Ишораи ҷаноби Манн ба номаест, ки дар он Кетрин Эштон ба номаи Саиди Ҷалилӣ посух гуфта буд.

Эрон дар он номаи худ иброз карда буд,ки моил аст, то музокироти ҳастаӣ миёни ин кишвар ва Ғарб аз сар гирифта шавад.

Дар охирин нома ба унвонии Саиди Ҷалилӣ, Кетрин Эштон -- масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки ба намояндагӣ аз тарафи гурӯҳи 5+1 бо Эрон музокира мекунад, гуфта буд, даври ҷадиди гуфтугӯҳо набояд монанди гузашта бошад.

Музокироте, ки натиҷае дар пай надошт ва ду тараф ҳатто дар конфронси хабарии муштарак ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG