Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси интихоби муфтӣ. "Ҳукуматӣ" бошад, ё мустақил?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятии Қирғизистон мехоҳанд, ки ба мақоми муфтии кишвар номзади худро пешбарӣ кунанд.

Турсунбой Боқир уулу, вакили парлумони Қирғизистон, дар нишасти ахири Жогорку Кенеш гуфт, “ман иттилоеро дастрас кардам, ки бар пояи он Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мехоҳад одами худро муфтӣ таъин кунад”. Аммо ӯ аз ифшои ному насаби номзади мақомоти расмӣ ё кумитаи амният ба ин мақом худдорӣ намуд. Ба гуфтаи Турсунбой Боқир уулу, муфтӣ бояд шахси мустақилу пок бошад ва дар қурултойи мусалмонҳо, ки рӯзи 15-уми декабр баргузор мешавад, бояд дар фазои озоду шаффоф маҳз ҳамин гуна шахс раҳбари мусалмонҳои қирғиз интихоб шавад. Дар ин ҳамоиш ҳайати нави Шӯрои уламои Қирғизистон низ интихоб хоҳад шуд.

Мурод-ҳоҷӣ, як масъули Идораи мусалмонҳои Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар гуна овозаҳо дар бораи номзади “ҳукуматӣ” ба гӯши онҳо низ расидааст. “Дар вилояту ноҳияҳо қурултойҳои хурд баргузор шуданд ва вакилони онҳо муфтиро интихоб мекунанд. Аммо дар ин бора, бале, гуфтугузоре буд, аммо ягон далел мавҷуд нест ва дар бораи он ки ягон номзадро пешбарӣ мекунанд ё не, мо чизе нашунидаем”,-мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, айни ҳол Раёсати мусалмонҳои Қирғизистон ба мақоми муфтӣ фақат як нафар - Раҳматулло-ҳоҷиро пешбарӣ кардааст. Раҳматулло-ҳоҷӣ Эгамбердиев моҳи июли соли равон баъд аз баҳсҳои зиёд муфтӣ интихоб шуд ва аммо аъзои Шӯрои уламо ишора карданд, ки номзадии ӯ бояд дар қурултой пазируфта шавад.

Мирослав Ниёзов, сиёсатмадори қирғиз мегӯяд, ки солҳои ахир номи Идораи мусалмонҳои Қирғизистон дар робита бо моҷарову низоъҳо вирди забонҳо шудааст. Пурсару садотарин моҷаро дар робита ба назорати маболиғи аз Ҳаҷҷи Акбар ба дастомада буд - мақомоти амниятӣ хабар доданд, ки онҳо далелҳои фасод дар фиристодани мусалмонҳо ба ҳаҷ аз сӯи Маркази Ҳаҷҷу Умра ва Бунёди “Вақф”ро ошкор кардаанд. Баъд аз ин хабар муассиси ин Марказу Бунёд муфтии пешин Чубак-ҳоҷӣ Ҷалилов ба тарки мақомаш маҷбур шуд. Аз ин пеш, баъд аз ҳаводиси “инқилоби лолагӣ” дар моҳи апрели соли 2010 муфтӣ Мурод-ҳоҷӣ Жуманов аз сӯи афроди ношинос лату кӯб шуд ва бар асари ин аз олам даргузашт.

Тобистони соли равон дар робита ба интихоботи шаш узви нави Шӯрои уламо низ миёни диндорони маъруф моҷаро бархост ва ҳатто бархе аз пайи таъсиси Идораи алтернативии мусалмонҳои Қирғизистон шуданд. Гуфта мешавад, тайи се соли ахир дар Қирғизистон панҷ бор муфтӣ нав шудааст. Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, ба хотири хотима гузоштан ба моҷароҳо дар атрофи Идораи мусалмонҳои кишвар пешбарии фарди наздик ба ҳукумат шояд фикри баде ҳам нест. “Агар гап сари он меравад, ки мақомот мехоҳанд ба ҳар ҳол одами худро дошта бошанд, дар ин тасмим, аз нигоҳи ман, маъние маҳфуз аст. Албатта, ба озодии эътиқод бояд арҷ гузошта шавад, аммо ҳукумат бояд тасмиме бигирад, ки мушкилҳоро ҳал кунад ва мухолифи озодиҳои мазҳабӣ набошад. Ин ҷо бастаи чигили мушкилот мавҷуд аст, ки ҳукумат набояд аз ҳалли он дурӣ ҷӯяд ва худро аз ин равандҳо канор гирад”,-мегӯяд сиёсатмадори қирғиз.

Номзади алҳол ягонаи мақоми муфтии Қирғизистон Раҳматулло-ҳоҷӣ Эгамбердиев 35 сол дорад. Ӯ риштаи дини донишгоҳи давлатии Кувайт ва бахши сиёсатшиносии Академияи дипломатии вазорати умури хориҷии Қирғизистонро хатм кардааст. Аз ин пештар муфтии вилояти Бодканд буд ва ба ҳайси раҳбари бахши равобити байнулмилалии муфтиёт кор мекард.

Зимнан, баробари ба мақоми муфтӣ пешбарӣ шуданаш дар нишасти Шӯрои уламо дар моҳи июли соли равон Раҳматулло-ҳоҷӣ Маркази Ҳаҷҷу Умра ва Бунёди “Вақф”и таъсискардаи муфтии пешинро барҳам дод. Дар он нишаст ӯ муваззаф шуда буд, ки Ойинномаи Идораи мусалмонҳои Қирғизистонро нав кунад, Шӯрои уламоро ба як ниҳоди мустақиле табдил диҳад, ки муфтӣ ҳам пойбанди он бошад ва қурултойи мусалмонҳову интихоботи Шӯрои уламо ва муфтиро баргузор намояд. Муфтии феълӣ то куҷо ба иҷрои ин вазифаҳо муваффақ шудааст ва ӯ дар мақом пазируфта мешавад ё курсиро ба номзади “ҳукуматӣ” медиҳад, рӯзи шанбе маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG