Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Goodbye USA! Ятимони рус аз зиндагӣ дар ИМА маҳрум мешаванд


Эътироз алайҳи фарзандхонӣ дар рӯбарӯи бинои Думаи давлатӣ. Акс аз бойгонӣ.
Эътироз алайҳи фарзандхонӣ дар рӯбарӯи бинои Думаи давлатӣ. Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро баррасӣ мекунад, ки бар пояи он амрикоиҳо дигар ҳақ надоранд дар Русия ятимеро ба фарзандӣ бигиранд.

Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои Федератсияи Русия "қонуни ятимон"-ро баррасӣ мекунад, ки бар пояии он амрикоиҳо аз ҳуқуқи фарзандхонӣ дар Русия маҳрум мешаванд. Интизор меравад, ки сенаторҳо ин қонунро ба осонӣ ва дар паси дарҳои баста тасвиб кунанд.

Чанд рӯзи ахир ин тарҳ дар кумитаҳои палати болоии парлумони Русия матраҳ буд ва тавре матбуоти Русия менависад, кумитаҳои парлумон ба сенаторҳо тавсия додаанд, ки қонунро тасвиб кунанд. Ин қонун, ки матбуоти кишвар онро "яке шармсортарин қонунҳои вақтҳои ахир" унвон кардааст, дар қадами аввал ба ятимоне таъсир мекунад, ки баъди чанде бояд бо оилаҳои нави худ дар Амрико баҳам меомаданд.

Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъаи гузашта тарҳи “Қонуни Дима Яковлев” -ро тасвиб ва ҳамин тавр фарзандхонии кӯдакони русиягӣ аз сӯи шаҳрвандони кишварҳоеро, манъ кард, ки “Феҳристи Магнитский”-ро пазируфтаанд.
“Қонуни Дима Яковлев” вокуниш ба тасвиби “Феҳристи Магнитский” аз сӯи Конгресси Амрикост. Дар ин феҳрист алайҳи афроде таҷримот ҷорӣ шудааст, ки дар куштори ҳуқудон Сергей Магнитский ва нақзи ҳуқуқи башар дар Русия даст доштаанд.

Айни ҳол “Феҳристи Магнитский” фақат дар ИМА қабул шудааст. Аммо, тавре вакили Парлумони Аврупо Кристина Оюланд рӯзи 21 декабр дар сӯҳбат бо “Интерфакс” иброз дошт, шояд тайи ним соли оянда Иттиҳодияи Аврупо низ дар пайравӣ ба ИМА алайҳи муҷримони марги Магнитский таҳримҳои марбут ба раводид ва мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкиро ҷорӣ кунад.

Дар ҳоле, ки баъзе дипломатҳо ва депутатҳои рус, аз ҷумла омбудсмани кӯдакон Павел Астахов гуфтаанд, ки фарзандхонӣ ҳади ақал то як соли дигар имконпазир хоҳад буд, вале матбуоти Русия навиштааст, ки қонуни манъи фарзандхонӣ аз тарафи амрикоиҳо аз аввали январи соли 2013 ба ҳукми иҷро медарояд. Бо ин ҳол ятимоне, ки тамоми монеаҳои бюрократиро пушти сар карда акнун мебоист бо оилаҳои нави худ дар Амрико ҳамоиш ёбанд, ин шансро аз даст хоҳанд дод.

Теъдоди ятимон дар Русия мушаххас нест, аммо бар пояи маълумоти соли 2007, беш аз 742 ҳазор кӯдакони ятим дар сағирахонаҳои ин кишвар ба сар мебаранд. Теъдоди кӯдакони хиёбонӣ дар Русия 2 миллион гуфта мешавад, аммо созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд ҳудудан чаҳор миллион кӯдак саробон надоранд ва дар хиёбонҳо басар мебаранд.

XS
SM
MD
LG