Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соли нав 1200 мошинро оташ заданд


 Мошинҳои ба коми оташ рафта дар шаҳри Страссбурги Фаронса
Мошинҳои ба коми оташ рафта дар шаҳри Страссбурги Фаронса
Мақомоти Фаронса мегӯянд, шаби соли нав дар саросари ин кишвар тахминан 1200 мошин ба коми оташ кашида шуд. Вазири умури дохилии Фаронса Мануэл Валс гуфтааст, ки табаҳкорон 1193 мошинро оташ заданд. Ба қавли номбурда дар шаҳрҳои Страссбург ва Малҳаус гурӯҳҳои табаҳкорон бо полис задухӯрд намуданд ва камаш 339 нафар ба ҳабс гирифта шуд. Барои аввалин бор дар се соли ахир мақомоти Фаронса шумораи мошинҳои оташзадаро эълон кардаанд. Дар давраи ҳукмронии президенти пештараи Фаронса Николас Саркозӣ ҳукумат шумораи мошинҳои оташзадаро ошкор намекард, то таваҷҷӯҳ ба табаҳкорон коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG