Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово ба Николич иҷозати сафар надод


Хайриддин Кӯчӣ
Хайриддин Кӯчӣ
Косово раисиҷумҳури Сербистон Томислав Николичро аз боздиди Косово ба хотири мулоқот бо сербҳо дар иди Мавлуди Масеҳи православиҳо манъ кардааст. Матбуоти Косово аз қавли муовини сарвазир Хайриддин Кӯчӣ навишт, ки гуфтааст, Николич танҳо замоне иҷозати сафар хоҳад гирифт, ки агар Белград ба мақомоти Косово иҷозати мулоқот бо албаниҳои муқими водии Пресево дар ҷануби Сербистонро бидиҳад. Рӯзи ҷумъа Николич ба EULEX – маъмурияти нирӯҳои интизомии ИА дар Косово – дарафтод, ки ба дархости ӯ барои боздид аз дайри Грачанитсаи Косово дар арафаи Мавлуди Масеҳ то ҳол посух надодааст. Сербҳо пайрави мазҳаби православӣ буда, Мавлуди Масеҳро 7 январ ҷашн мегиранд. Сухангӯи EULEX ба Озодӣ гуфт, ин ниҳод ҳаққи додани иҷозат ё манъи сафарҳо ба Косоворо надорад. Косово 5 сол пеш эълони истиқлол кард. Косоворо қудратҳои калидии Ғарб ба расмият шинохтаанд, вале Белград то ҳол ҷудоии ин вилояти собиқашро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG