Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори яксолаи телефони боварии вазири дохилӣ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта сокинони кишвар ҳар рӯз тақрибан ду маротиба аз тариқи телефони боварӣ ба вазири умури дохилӣ муроҷиат ва ё шикоят кардаанд. Дар баёнияи расмии вазорат гуфта шудааст, ки аз замони таъсис, ба гурӯҳи телефони «Боварӣ»-и вазири умури дохилӣ 648 муроҷиат шуд, ки мавриди тафтишу баррасӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи вазорат, бар асоси ин муроҷиатҳо чандин маъмури милиса барои бадмуомилагӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон аз кор ронда шуданд. Аз ҷумла ба ду афсари баландрутбаи милисаи шаҳри Панҷакент, Иброҳим Холбоев ва Нарзулло Казаков бар асоси шикояти сокинони ин шаҳр танбеҳи қатъӣ додаанд. Ба гуфтаи мақомот бар асоси муроҷиатҳои сокинон даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ошкор карда шуданд, вале намунаи зиёд наовардаанд.
XS
SM
MD
LG