Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Ҳуго Чавез "мӯътадил" шудааст


Вазири иттилоъоти Венесуела мегӯяд, вазъи сиҳатии Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури ин кишвар, ки дар Куба муолиҷа мегирад, мӯътадил аст. Эрнесто Виллегас гуфт, табобати пайваста ва фарогир, батадриҷ вазъи Ҳуго Чавезро беҳтар мекунад. Аммо маълум нест, ки расми адои савганди Ҳуго Чавез рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад ва ё на? Раиси ҷумҳури Венесуэла, ки бемории саратон дорад, моҳи гузашта бори чаҳорум дар Куба ҷарроҳӣ шуд. Диосдадо Кабелло, раиси порлумони Венесуэла аз мардум даъват кардааст, рӯзи панҷшанбе ба хотири ҳимоят аз Чавез ба раҳпаймоӣ бароянд. Ҳуго Чавез аз як моҳ пеш то кунун дар мазҳари ом дида нашудааст. Мухолифонаш мегӯянд, бар асоси Қонуни Асосӣ, Ҳуго Чавез қобилияти идораи кишварро надорад ва бояд интихоботи нав баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG