Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд барои куштори 2 сарбозаш Покистонро маҳкум кард


Ҳиндустон тарзи куштори ду сарбози ҳинду аз тарафи низомиёни Покистон дар Кашмирро ба таври ғазаболуд маҳкум кард.

А.К. Антонӣ-вазири дифои Ҳиндустон рӯзи чаҳоршанбе гуфт: “Рафтори онҳо нисбат ба ҷасади ду сарбоз ғайриинсонист”.

Матбуоти Ҳиндустон гузориш додааст, ки ин ду сарбоз рӯзи сешанбе кушта ва сарашон аз танашон ҷудо карда шудааст.

Салмон Хуршед-вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон куштори ин ду сарбозро “комилан ғайриқобили қабул, махуф ва воқеан ваҳшатнок хонд. Вай гуфт, ҷониби Покистон ҷавоби “муттаносиб” хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG