Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули кори муҳоҷирон дар Русия баргардонида шуд


Дафтари матбуотии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 9 январ ба радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки пас аз муроҷиати 9 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти музди корашон аз як корхона мушкили онҳо ҳал ва музди коришон пас гардонида шуд.

Ба иттилои ин манбаъ, моҳи декабри соли гузашта Иззатулло Давлатов ба Хадамоти муҳоҷират бо имзои 9 нафар як ариза пешинҳод кард, ки дар давоми 5 моҳи соли 2012 дар чанд кӯдакистони Санкт- Петербург корҳои таъмиру сохтмониро ба анҷом расонидаанд ва ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда ба 600 ҳазор рубл баробар мешавад. Аммо ба коргарон ҳамагӣ 270 ҳазор рубл ҳамчун музди кор пардохт кардаанд.

Намояндаи Хадамот дар Санкт Петербург барои таҳқиқи ин ариза маълум кардааст, ки пардохти маблағи боқмонда аз ҷониби шахси миёнарав Игор Фёдоров бо сабабҳои номаълум 3 моҳ ба таъхир афтодааст.

Баъд аз гузаронидани сӯҳбат бо корманди Намояндагӣ Игор Фёдоров дар моҳи январи соли 2013 маблағи боқмаондаи муҳоҷирони кориро, ки 330 ҳазор рублро ташкил медод, пардохт кардаааст.
XS
SM
MD
LG