Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Эрон бар зидди ҳукми додгоҳи Тоҷикистон шикоят кард


Акбари Асғарзода-шаҳрванди Иронӣ, ки дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебарад, алайҳи ҳукми Додгоҳи олӣ эътироз кардааст.

Одинашоҳ Муродов-сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Тоикистон рузи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрванди Иронӣ Акбари Асғарзода на барои шароити танги маҳбас, балки бар зидди ҳукми Додгоҳи Олӣ эътироз кардааст.

Ба қавли Одинашо Муродов Асғарзода аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва мехоҳад, ки парвандааш бозбинӣ шавад. Ҷаноби Муродов мегӯяд, тибқи қонунҳоли Тоҷикистон, Акбари Асғарзода метавонад бо аризаи шикоятӣ ба додгоҳ муроҷат кунад ва мувофиқи тақозои Додгоҳи Олӣ додситони назоратӣ парвандаи ӯро дубора мавриди омузиш қарор медиҳад.

Шаҳрванди Эрон Акбари Асғарзода дар «колоннаи 4 ум» ё маҳбаси маҳаллаи «1ум Советский» и пойтахт ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG