Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сониҳаи як паром дар Ню-Йорки Амрико


Дар сониҳаи як паром дар бандари Манҳеттени Ню-Йорк ҳудуди 60 мусофир ҷароҳат бардошта, киштӣ ҳам осеб дидааст. Мақомот вазъи ду захмиро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Пароми Seastreak Wall Street бо беш аз 300 мусофиру сарнишин субҳи чоршанбе ҳангоми бозгашт аз Ню-Ҷерсӣ дучори сониҳа шуд. Иллати сониҳа таҳқиқ мешавад. Дар соли 2003 дар сониҳаи як пароме, ки аз Манҳеттен ба Ҳарбор – як гӯшаи дигари Ню-Йорк шино мекард, 11 нафар ҳалок шуда буд.
XS
SM
MD
LG