Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони мухолифи ҳукумати Қирғизистон дар додгоҳ


Додгоҳи раҳбарони ҳизби Ота Ҷурт дар Бишкек
Додгоҳи раҳбарони ҳизби Ота Ҷурт дар Бишкек
Рӯзи панҷшанбе дар Бишкек муҳокимаи се вакили парламенти Қирғизистон оғоз ёфт. Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ва Талант Мамитов, ки пешвоёни ҳизби Ота Ҷурти мухолифи ҳукумат мебошанд, ҳамроҳ бо чор ҳаводори қатории ин гурӯҳи сиёсӣ бо талош барои ноором намудани кишвар ва кӯшиши аз байн бурдани ҳукумат муттаҳам мекунанд. Дар моҳи октябр се раҳбари ёдшудаи мухолифин дар рӯ ба рӯи бинои парламенти Қирғизистон бо иштироки тахминан як ҳазор нафар эътирози хушунатбори зиддидавлатӣ ташкил намуданд. Тошиев худро бегуноҳ номидааст. Вакилони мудофиаи Тошиев ба додрас Абдураззоқ Боромбоев нобоварӣ иброз доштаанд. Ба кавли онҳо дар гузашта Боромбоев бо яке аз муттаҳамҳо мушкили хусусӣ доштааст. Боромбоев ин даъворо қабул карда ва гуфт, дархост таъйини додраси нав баррасӣ хоҳад шуд ва то он замон додгоҳ мутваққиф мешавад. Аснои муҳокима дар назди бинои додгоҳ тарафдорони раҳбарони ҳизби Ота Ҷурт бамъ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG