Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дар Тоҷикистон 49 муҳоҷири амрикоӣ кор мекунад»


Масъалаи муҳоҷирати тарафайни Амрикою Тоҷикистон ва дигар кишварҳо имрӯз, 10-уми январ зимни мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Саидғуфрони Абдулло ва мушовир оиди масъалаҳои сиёсию иқтисодии сафорати ИМА дар Душанбе, Эрик Р. Ҷейкобс баррасӣ шудаанд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират зимни мулоқот қайд гардид, ки 1 ҳазору 573 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, табаияти Амрикоро пазируфтаанд. Ба иттилои манбаъ теъдоди амрикоиҳо, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд 49 нафар арзёбӣ шудааст.

Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қайд кардаанд, ки қариб 90%-и муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия сафар менамоянд ва омӯзиши забони русию доштани касбу ҳунар самти муҳими фаъолияти ин ниҳод мебошад. Намояндаи Амрико аз масъулини Хадамот доир ба мушкилот дар се самт, - интиқоли маблағҳо, хариду фурӯши одамон, қонунҳои нави Русия оид ба омӯзиши ҳатмии забони русӣ ва маҳдудиятҳои дигар пурсон шуда, доир ба ҳалли онҳо ибрози назар кардааст.
XS
SM
MD
LG