Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Обама ва Карзай гуфтушунид мекунанд


Мулоқоти Ҳомид Карзай ва Ҳилларӣ Клинтон
Мулоқоти Ҳомид Карзай ва Ҳилларӣ Клинтон
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар чаҳорчӯби сафараш ба ИМА бо вазири умури хориҷии ин кишвар Ҳилларӣ Клинтон ва сарвари Пентагон Леон Панетта дидору гуфтугӯ дошт. Леон Панетта дар мулоқот бо Карзай, аз ҷумла, гуфт, ки Амрико рисолати худ барои таъсиси Афғонистони мустақилро хатм мекунад, зеро Кобул тавони мустақилона ҳал кардани масоили марбут ба идораи давлат ва таъмини амниятро дорад.

Масоили амниятӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар мулоқоти Ҳомид Карзай бо Ҳилларӣ Клинтон баррасӣ шуд. Қарор аст, ки имрӯз Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ва Ҳомид Карзай, гуфтушунид анҷом диҳанд.

Қарор аст, ки то охири соли 2014 нерӯҳои низомии байнулмилалӣ Афғонистонро тарк намоянд. Ҳоло Вошингтону Кобул он мавзӯъро баррасӣ мекунанд, ки чӣ теъдод аз низомиёни хориҷӣ барои омода кардани мутахассисони ниҳодҳои интизомӣ ва артиши Афғонистон дар кишвар боқӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG