Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои “шекспирона” дар саҳнаи сиёсии Озарбойҷон


Парлумони Озарбойҷон.
Парлумони Озарбойҷон.

Моҷарои ахири сиёсӣ дар Озарбойҷон, ки бештар шабеҳи драмаҳои Шекспир аст, ҳукумати феълии ин кишварро дар соли интихоботи президентӣ нороҳату нигарон кардааст.

Ин моҷаро моҳи сентябри соли гузашта баъд аз он сар зад, ки Элшод Абдуллоев, ректори пешини Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон, як навори видеоӣ дар бораи хариду фурӯши курсӣ дар парлумони кишварро нашр кард.

Дар ин навор Абдуллоев дар рӯ ба рӯи Гулар Аҳмадова, вакили парлумон, ки бештар бо лақаби “хушдоман” маъруф аст, нишаста, бо ӯ мавзӯи пардохти маблағ барои мандати вакилиро баҳс мекунад. Гулар Аҳмадова аз аъзои бонуфузи ҳизби ҳукмрони “Ени Озарбойҷон” маҳсуб мешавад. Ӯ ба Абдуллоев мегӯяд, курсии парлумон дар ҳоле кафолат дода мешавад, ки ӯ на маблағи пешакӣ маслиҳатшудаи 500 ҳазор манат, муодили 637 ҳазор доллар, балки ду баробар бештарро бипардозад. Гулар Аҳмадова ва ёвараш, Севинҷ Бобоева ба ҳамсӯҳбати худ мегӯянд, ки ин маблағро худи “Устод Ромиз”, манзур Ромиз Меҳдиев, раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва дуввумин баъд аз Илҳом Алиев шахси бонуфуз дар Озарбойҷон, муқаррар кардааст.

Аз он замон то имрӯз Элшод Абдуллоев ҳадди ақал ҳафт навори видеоӣ нашр кардааст, ки дар он Меҳдиеви 74-сола чун занҷири аслӣ дар ҳалқаи фасод дар Озарбойҷон муаррифӣ мешавад. Ректори собиқ таҳдид кардааст, ки агар Ромиз Меҳдиев аз мақом барканор нашавад, ӯ ҳафтаву моҳҳои наздик наворҳои навро пахш хоҳад кард.

Дар видеое, ки ин ҳафта нашр шуд, Абдуллоев сабаби шурӯи маъракаи интиқоми худро шарҳ дода, онро бо ҳабси бародараш Моҳир, майори вазорати амнияти миллӣ, ки соли 2003 боздошт шуд ва баъдан ғайб зад, марбут кардааст. Ба гуфтаи Элшод Абдуллоев, бародараш қурбонии одамрабоиҳое шудааст, ки аз сӯи хадамоти амниятӣ ва бо амри Меҳдиев сурат мегиранд. Ӯ афзудааст, ки барои наҷоти бародараш миллионҳо доллар сарф кард ва аммо натиҷае ҳосил нашуд.

Элшод Абдуллоев, ки чанд сол пеш аз Озарбойҷон фирор кард ва дар шаҳри Старсбурги Фаронса муқимӣ шуд, кӯшишҳояш барои харидани мандати Миллий Маҷлисро бо талоши наҷот додани бародари аллакай аз олам даргузаштааш рабт додааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Элшод Абдуллоев гуфт, наворҳоро баъди он аз тариқи интернет нашр кард, ки мансабдорони озарӣ дархости ӯ барои таҳқиқи даст доштани Ромиз Меҳдиев дар рабудани бародараш Моҳирро нодида гирифтанд. Ӯ меафзояд, «як профессори ҳуқуқ ва вакили дифои ман мегӯянд, ки агар даҳ дар сади далелҳои зери даст доштаи ман дар ихтиёри онҳо мебуд, ин қазияро ҳатман ба додгоҳ мекашониданд. Ва ҳатто ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат мекарданд. Онҳо аз ман мепурсанд, ки чаро худро азият дода ба Фаронса омадам. Аммо ҳаёти ман он ҷо дар хатар буд. Барои ман интихоби дигарро боқӣ нагузошта буданд. Ман мехостам, ки он ҷо ба додгоҳ ариза нависам, вале онҳо ҳамла ба хонаводаи маро шурӯъ карданд.»

Элшод Абдуллоев аз ректорҳои ангуштшуморест, ки тавони пардохти миллионҳо доллар ришватро дорад. Ӯ дар ватанаш дар фасод айбдор мешавад. Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон, ки Абдуллоев раҳбарияшро бар ӯҳда дошт, соли 2010 бо иттиҳоми ришватхории устодон ва қабули ғайриқонунии донишҷӯён баста шуд.

Аммо маъракаи интиқоми ректори пешин паёмадҳои мусибатбор ҳам дорад. Севинҷ Бобоева, ёвари Гулар Аҳмадова, ки дар яке аз наворҳои видеоӣ Меҳдиевро барои ба ӯ надодани “ҷоиза” ба маблағи 50 ҳазор доллар ”каламӯши носерам”номида буд, рӯзи 26 декабр ба таври нобаҳангом дар яке аз бемористонҳои Туркия аз олам даргузашт. Мақомоти Боку гуфтанд, ки ӯ бар асари аз кор мондани дилаш фавтидааст.

Дар ҳамин ҳол мухолифини саркӯбшудаи ҳукумати Озарбойҷон талош доранд, ки бо истифода аз ин «Гуларгейт» пайкари мармарии қудрати Илҳом Алиевро хароб созанд. Як иттиҳоди мухолифин аз ҳукумат хост, ки масоили ба миён гузоштаи Элшод Абдуллоевро таҳқиқ кунад.

Додситонии Озарбойҷон ахиран дар робита ба имкони хариду фурӯши курсии вакили парлумон ва рабуда шудани Моҳир Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кард. Муфаттишон ҳамчунин то куҷо қонунӣ будани пахши наворҳои видеоии Элшод Абдуллоевро тафтиш мекунанд, наворҳое, ки метавонанд барои ҳукумати феълии Озарбойҷон дарди сари зиёд эҷод кунанд.
XS
SM
MD
LG