Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сердюков аз мақоли "даҳони пӯшида сад тилло" истифода кард


Анатолий Сердюков, собиқ вазири дифои Русия, рӯзи ҷумъа дар Кумитаи тафтишоти кишвар аз додани баёнот сарпечӣ кард. Вазири пешинро дар робита ба яғмои моликият дар ширкати “Оборонсервис” даъват карда буданд.

Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Сердюков сарпечияш аз посух додан ба суолҳои муфаттишон бо банди 51-уми Қонуни асосии кишвар рабт додааст. Ба гуфтаи Маркин, вазири собиқ ҳақ дорад, ки алайҳи худ баёнот надиҳад, вале аз ин гуна мавзеъгирии ӯ масъулини тафтишот ба тааҷҷуб афтодаанд.

Генрих Падва, вакили дифои Сердюков мегӯяд, ки вазири собиқ аз посух ба чанд суол сарпечӣ кардаасту халос.

Бори аввал Анатолий Сердюков 28 декабри соли гузашта ба Кумитаи тафтишот даъват шуда буд. Он вақт ҳам ӯ аз посух ба суолҳо сарпечӣ кард ва далел овард, ки вакили дифояш бар асари маризӣ натавонистааст ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Ширкати “Оборонсервис” даҳҳо биноҳову муассисаҳои вазорати дифои Русияро аз роҳи тақаллуб бо нархи хело пойин фурӯхта, ба давлат миллиардҳо доллар зиён расонидааст.
XS
SM
MD
LG