Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди фоҷеаи Коста Конкордия барпо шуд


Афроди наҷотёфта ва наздикони қурбониҳои тасодуми киштии Коста Конкордия (Costa Concordia) ба муносибати аввалин солгарди ин фоҷеа, ки ҳаёти 32 нафарро аз байн бурдааст, дар ҷазираи Ҷилио дар назди киштии нимағарқшуда ҷамъ шуданд. То ҳанӯз сарнавишти ду қурбонӣ маълум нест. Ҳангоми фоҷеа дар киштӣ 4200 мусофир ва узви экипаж ҳузур доштанд. Мақомдорон тасмим гирифтаанд, ки киштиро дар фасли тобистон ва ё тирамоҳи соли равон ба ҷои дигар интиқол диҳанд. Амалиёти наҷот тахминан 400 миллион доллар харҷ доштааст. Капитани киштӣ Франческо Скетино бо иттиҳоми куштори одамон ва ҷиноятҳои дигар мавриди таҳқиқ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG