Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости нав барои таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сурия


Бештар аз 50 кишвари ҷаҳон аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостаанд, бӯҳрони Сурияро барои баррасӣ ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят бисупорад. Швейтсария аз тарафи 56 кишвари узви Созмони Милал дархости расмӣ дар ин заминаро ба Шӯрои Амният додааст. Азбакси Сурия узви додгоҳи мазкур нест, танҳо Шӯрои Амният метавонад, аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят бихоҳад, ки таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангиро дар Сурия оғоз кунад. Аз ҷумлаи кишварҳои тарафдори таҳқиқ, Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳастанд. Русияву Чин зери ин дархост имзо нагузоштаанд. Нави Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи душанбе гуфт, ки Шӯрои Амният бояд замонат бидиҳад, ки ҳукумати Сурия барои ҷиноятҳои кардааш посух хоҳад гуфт. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар тақрибан 2 соли пеш, 60 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд. Ҳам Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва шӯришиёни мухолифи давлатро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG