Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлоно Қодирӣ ҳукумати Покистонро ноком хонд


Муҳаммад Тоҳир ул Қодирӣ
Муҳаммад Тоҳир ул Қодирӣ
Муҳаммад Тоҳир ул Қодирӣ - рӯҳонии бонуфузи Покистон дар Исломобод дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар ширкат доштанд, суханронӣ кард. Қодирӣ аз ҳукумати кишвараш интиқод кард, ки “раҳбарии сиёсиро комилан аз даст додааст”. Вай барномаи ҳукуматии “маъракаи зидди террорзим”-ро маъракаи “дуруғин” номид.

Вай ин суханонро дар назди бинои порламони Покистон дар Исломобод ба забон овард. Қодирӣ ва ҷонибдоронаш шоми рӯзи душанбе бо “Корвони раҳпаймоии демократӣ” вориди Исломобод шуданд.

Қодирӣ гуфт, бояд “имкони ришвахорӣ” аз низоми сиёсиву иҷтимоии ин кишвар аз байн бурда шавад.

Қодирӣ иддао мекунад, ки ҷонибдорони вай метавонанд дар зарфи чанд соат ҳукуматро сарнагун созанд. Вале вай аз тазоҳуркунандагон хост, ки оромӣ ва сулҳро риоят кунанд. Қодирӣ баъд аз чанд соли муҳоҷират аз Канада баргашт ва мехоҳад дар интихоботи баҳори ҳамин сол ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG