Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодирӣ: Интихобот бояд дар вақташ баргузор шавад


Рӯзи севуми тазоҳурот дар Исломобод
Рӯзи севуми тазоҳурот дар Исломобод
Рӯҳонии бонуфузи покистонӣ Тоҳир Қодирӣ ба аҳли тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Исломобод гуфт, ӯ хостори ислоҳи қонуни интихобот ҳаст, вале на дар баҳои ба таъхир андохтани интихоботе, ки бояд дар баҳор доир шавад. Ҳазорон тарафдори Қодирӣ рӯзи севум аст, ки дар пойтахти Покистон гирди ҳам омадаанд. Бино ба торнамои Қодирӣ дар Twitter, ӯ гуфтааст, ки интихобот бояд дар 90 рӯзи оянда доир шавад. Қодирӣ, ки ахиран баъди чанд соли муҳоҷират аз Канада баргашт, ҳукумати Покистонро фосиду бесалоҳият номида, истеъфояшро талаб дорад. Ӯ ҳадсу гумонҳо дар матбуот дар бораи ҳимоят шуданаш аз сӯи низомиҳои Покистонро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG