Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Покистон хостори поёни тазоҳурот дар Исломобод шуд


Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон рӯзи чаҳоршанбе ба эътирозгарон дар Исломобод ҳушдор дод, ки ҳар чӣ зудтар пароканда шаванд.

Вазир гуфт, ҳазорон нафар эътирозгарон аз рӯзи душанбе ба ин сӯ дар маркази шаҳр ҷой гирифтаанд ва дар рафту омади сокинон мушкил эҷод мекунанд. Вай ҳушдор додааст, ки мардум ва ҳукумат дигар наметавонанд ба чунин вазъ тоқат кунанд.

Малик ҳамчунин гуфтааст, ки дар бораи нақшаҳои тундравҳо маълумот ба даст овардааст ва онҳо мехоҳанд ба эътирозгарон ҳамла кунанд: “Бино ба гузоришҳо, Сайфуллоҳ Боқӣ ҳамлаҳои маргталабонаро бар зидди раҳпаймоёни Қодирӣ ба нақша гирифтааст. Барои ин кор се бамгузори маргталаб ба Исломобод фиристода мешаванд.Террористони Ҷундуллоҳ низ барои ҳамла ба раҳпаймоиҳои тӯлонии доктор Тоҳир Қодирӣ ба Ровилпиндӣ расидаанд.”

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Покистон, масъулияти ҳар гуна ҳамлае аз ин қабил, ба дӯши Тоҳир Қодирӣ-раҳбари рӯҳонии эътирозгарон хоҳад буд.

Қодирӣ баъд аз тақрибан 6 соли муҳоҷират ба Канада, ахиран ба Покистон баргашт ва акнун тазоҳуроти эътрозии зидди ҳукуматиро раҳбарӣ мекунад ва аз ҳукумат тақозо кардааст, ки ба истеъфо равад, зеро ин ҳукумат ришвахор ва номуносиб аст.

Ҳамзамон вазорати иттилооти Покистон хабар додааст, ки дар ин кишвар интихоботи парлумонӣ дар таърихи 6-уми майи соли ҷорӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG