Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 93 зани муҳоҷири тоҷик дар соли 2012


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд соли гузашта аз Русия 1053 ҷасади муҳоҷири тоҷик ба Ватан оварда шудааст, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил додаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 18 январ иттилоъ дод, ки дар соли гузашта 1053 ҷасади шаҳрвандони тоҷик аз манотиқи мухталифи Русия ба Ватан оварда шудаанд, ки дар ин миён 93 тан занони тоҷик будаанд. Ба иттилои ин ниҳод аксари фавтидаҳо бо сабабҳои мухталиф аз ҷумла дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар сохтмону роҳҳо ба марг расидаанд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд тайи моҳҳои январ-ноябри соли 2012 аз кишвар 824 ҳазор ба муҳоҷират рафта, 576 ҳазор нафар баргаштаанд. Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд ба рӯзи 14-уми декабри соли 2012 дар ҳудуди ин кишвар 1 миллиону 60 ҳазору 270 шаҳрванди Тоҷикистон иқомат доранд. Адади 576 ҳазор муҳоҷири баргашта ба замми 1 миллиону 60 ҳазоре, ки дар ҳудуди Русия қарор доранд, ҳосил мешавад, ки соли 2012 ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор шаҳрванди тоҷик дар Русия будаанд.
XS
SM
MD
LG