Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Амрикову Ҷопон аз Алҷазоир


Бо онки амалиёти низомӣ алайҳи гаравгонгирон дар як корхонаи коркарди газ дар Алҷазоир идома дорад, Амрико ва Ҷопон аз ҳукумати Алҷазоир хостаанд, ҳар кори мумкинро барои ҳифзи ҷони гаравгонони боқимонда анҷом диҳад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа дар шаҳри Вашингтон гуфт, дар сӯҳбати телефонӣ бо Абдулмалик Силол, ҳамтои алҷазоириаш хостааст, “барои ҳифзи ҷони гаравгонони алҷазоирӣ ва хориҷӣ бо эҳтиёти комил амал кунанд.” Фумио Кишида, вазири умури хориҷии Ҷопон низ дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳилларӣ Клинтон дар Вашингтон гуфт, кишвараш мехоҳад, Алҷазоир ҳифзи ҷону амнияти гаравгононро дар мадди аввал бигзорад. Артиши Алҷазоир мегӯяд, бахши бузурги корхонаи коркарди газро аз гаравгонгирон пок кард, вале теъдоде аз тундравон ҳамчунон гурӯҳе аз гаравгононро дар бахше аз гӯшаҳои ин корхона нигаҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG