Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 30 кило ҳероин дар вилояти Суғд


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар амалиёте дар шимоли кишвар 30 кило ҳероинро кашфу забт кардаанд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин миқдори бузурги маводи мухаддирро рӯзи 15 январ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд аз дохили як мошини сабукраве пайдо карданд. Ба гуфтаи ӯ, бо иттиҳоми қочоқи ин мавод, ду нафар Мухтор Шарипов ва Бахтиёр Раҳимов, шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон боздошт шуданд ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG