Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боинг тавзеъи Дримлайнер-ро мутаваққиф кардааст


Азбасти мутахассисон мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои Боинг-787-ро таҳқиқ мекунанд, ин ширкат тавзеъи ин ҳавопаймо ба муштариёнашро муттавақиф кардааст. Аммо Боинг рӯзи ҷумъа эълом кард, ки сохтани ин ҳавопаймои бузургашро идома хоҳад дод. Пештар аз ин эъломи ширкати амрикоии Боинг, бо дастури созмонҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ, тамоми 50 ҳавопаймои навъи Дримлайнерро аз парвоз боздоштанд. Мутахассисон таҳқиқ доранд, ки чӣ сабаби нуқси фаннӣ аз ҷумла оташ гирифтани ҳавопаймои мазкур шудааст. Чанде пеш ба сабаби оташ гирифтан ҳавопаймои Боинг-787 дар Ҷопон нишасти изтирорӣ анҷом дод. Мутахассисон системаи барқдиҳӣ ва батареяҳои ҳавопайморо тафтиш мекунанд, ки беш аз ҳад гарм мешудааст. Ҳавопаймои Боинг-787 аз қавитарин ва сабуктарин ҳавопаймоҳои ин ширкат аст.
XS
SM
MD
LG