Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Снейҷер аз Интер Милан ба Галатасарайи Туркия рафт


Вейслӣ Снейҷер-нимуҳофизатгари ҳолландӣ рӯзи душанбе гуфт, ки вай дастаи футболи Интер Миланро тарк кардааст ва акнун дар дастаи Галатасарайи Туркия бозӣ хоҳад кард.

Снейҷер, ки дар соли 2010 ба Интер Милан кӯмак кард, то ҷоми қаҳрамонҳоро ба даст орад, аз оғози мавсими кунунӣ Нераззурӣ вайро ба бозӣ намедарорад. Нераззурӣ пешниҳод карда буд, ки дастмузди вайро кам мекунад, вале Снейҷер ба он розӣ нашуд.

Галатасарайи Туркия рӯзи якшанбе бо Снейҷер ба арзиши 7,5 миллион евро қарордод имзо кард. Қарордоди вай моҳи июни соли 2016 ба поён мерасад.

Снейҷер дар давраи мураббӣ Хоссе Мауринио аз бозигарони калидии Интер Милан ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG