Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шаҳрвандонашро аз Сурия фаро мехонад


Русия ду ҳавопаймо ба Бейрут мефиристад, то шаҳрвандонашро аз Сурия баргардонад. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфт, ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзи сешанбе ду ҳавопаймо ба Берут парвоз кунанд ва аз он ҷо ҳудуди 100 шаҳрванди Русияро аз Сурия ба ватан интиқол диҳанд.

Аз моҳи марти соли 2011, яъне аз замоне, ки дар Сурия нооромиҳо оғоз ёфт, Русия муттаҳиди калидии Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия буд.

Ин эъломияи Русия дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе Набил Ал Арабӣ-раиси Ҷомеаи Араб гуфт, фаъолияти Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия “самара”-е ба бор наовардааст.

СММ тахмин мезанад, ки аз оғози нооромиҳо то ҳол дар Сурия беш аз 60 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG