Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Созмони ҷаҳонии кор аз бекории ҷавонон


Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд ҳудуди 13 дар сади ҷавонони зери синни 24 дар дунё наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд

Созмони ҷаҳонии кор дар гузориши нави худ навиштааст, ки «шумораи бекорон дар ҷаҳон, тайи соли 2012 боз чаҳор миллион нафар афзоиш ёфта, маҷмуан 197 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Созмони ҷаҳонии кор таъкид мекунад, ки раванди афзоиши бекорон дар соли 2013 ҳам идома хоҳад дошт ва дар назар аст, ки имсол боз панҷ миллиони дигар ба сафи бекорон зам шаванд.

Муалифони гузориши Созмони ҷаҳонии кор зикр кардаанд, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ин росто ҷавонон мебошанд ва 13 дарсади афроде, ки солашон аз 24 кам аст, аслан ҷои кор пайдо карда наметавонанд

Тавре дар ин гузориш зикр шудааст дар кишварҳое, ки масъалаи омӯзиши касбҳои техникӣ дуруст ба роҳ монда шудааст сафи ҷавонони бекор чанд маротиба камтар аст. Дар ин қатор аз кишварҳои Олмон, Австрия ва Шветсария ном бурда шудааст.

Муаллифони гузориш даъват мекунанд, ки давраҳои омузишӣ барои аз худ кардани касбҳои мусоир барои ҷавонон бештар ба роҳ монда шавад.

Таҳлилгарони созмони ҷаҳонии кор мегӯянд мизони аз ҳад баланди бекорӣ, сарфи беҳудаи неруи ҷавонон ва беэътиноӣ ба истеъдоди онҳо ба харобии вазъи худи ҷавонон ва ҷомеа хоҳад овард.

Дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷавонон ба кор, ахиран дастгоҳи раёсати ҷумҳур ба тамоми идораҳои давлатӣ дастур дод, ки нафақахӯронро гусел карда, мутахассисони ҷавонро ҷалб кунанд. Аммо ҷавонон мегӯянд ба кор дар ниҳодҳои давлатӣ ҳавасманд нестанд, чун маоши ночиз доранд. Айни ҳол барои аксари ҷавонони тоҷик муҳоҷират ба Русия шуғли асосӣ ба шумор рафта, теъдодашон дар ҳудуди ин кишвар бештар аз 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG