Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидон ихтиёрӣ аз писари навраси худ даст кашиданд


Додгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон дар Русия хоҳиши волидонеро, ки ихтиёрӣ аз писари 16-солаи худ даст кашиданд, қонеъ кард. Дар хабари Интерфакс гуфта мешавад, ки волидони Артем аризаеро ба додситонӣ ирсол карда гуфтаанд, ки аз ӯҳдаи тарбияи писари саркаши худ намебароянд ва дигар намехоҳанд масъулияти парастории ӯро ба дӯш дошта бошанд. Як масъули додситонӣ гуфтааст, ки падар ва модари писарбача гуфтаанд, ки дигар гапашон ба писар намегузашт. «Ӯ аз 8-солагӣ пайваста аз мактаб ва хона фирор, дуздиву кӯчагардӣ мекард ва чандин бор ба касалхонаҳо афтодааст», гуфтаанд волидони Артем. Онҳо гуфтаанд, ки писар дигар ба ҳарфи онҳо гӯш намекард ва аз мақомот хостаанд, ки онҳоро аз масъулияти парасториву тарбияи фарзанд ба унвони волидони Артем озод кунанд. Падар гуфтааст, ки Артем ҷавоҳироти гаронбаҳои модарро дуздида ба бегонаҳо фурӯхтааст ва ҳамин ҳодиса барояш аломати он шуд, ки ин писар ба роҳи бад рафтааст. Тибқи тасмими додгоҳ, Артем аз волидони худ маҳрум шуда, ба як ятимхона ҷо дода шудааст.
XS
SM
MD
LG