Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулиятҳои вазири мудофиаи гурҷӣ коҳиш ёфтаанд


 Ираклий Аласания-вазири мудофиаи Гурҷистон
Ираклий Аласания-вазири мудофиаи Гурҷистон
Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ вазири мудофиаи ин кишвар Ираклий Аласанияро аз вазифаи дигараш-муовини сарвазир озод кард. Қаблан Аласания ҳар ду вазифаро иҷро мекард.
Рӯзи сешанбе аснои сӯҳбат бо хабарнигорон Аласания гуфт, ки чанд рӯз пеш бо раҳбари эътилофи ҳокими Орзуи гурҷӣ ва сарвазири Гурҷистон Иванишвилӣ дар бораи номзади ин эътилоф дар интихоботи президентии моҳи октябри соли равон мубоҳисаи шадид доштааст.
Аласания, ки худ раҳбари ҳизби демократҳои озод ва узви эътилофи ҳокими Орзуи гурҷӣ мебошад, маълумот надод, ки ин номзад ба курсии расёатҷумҳурӣ кист?
Моҳи равон фаъолони ҳизби демократҳои озод иброз доштанд, ки мехоҳанд Аласанияро номзади ин ҳизб ба курсии президентӣ пешбарӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG