Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: чархбол дар ҳарими ҳавоии қирғизӣ буд


Хадамоти марзбони Қирғизистон гузориши расонаҳои хабарӣ дар бораи вуруди ғайриқонунии чархболи Қирғизистон ба ҳарими ҳавоии Узбакистонро рад кардааст. Рӯзи чоршанбе хадамоти марзбони қирғиз изҳор намуд, ки 15%уми январ як чархболи қирғизӣ ба сокинони деҳаи қирғизии назди ноҳияи Сӯх-ҷазира-қаламрави Узбакистон дар хоки вилояти Ботканди Қирғизистон кумаки башарӣ интиқол дод. Ба қавли хадамот чархбол ягон лаҳза аз ҳарими ҳавоии Қирғизистон берун нашудааст. 5-6-уми январ бар асари як ҷанҷоли сокинони Сӯх бо марзбонони қирғиз камаш 5 сокини Сӯх ҷароҳат бардошта, наздик ба 30 мусофири қирғиз як рӯзро дар гарав гузаронданд. Рӯзи чоршанбе гаравгонҳои собиқ аз мақомоти Узбакистон ҷуброни хароҷоти тиббиашонро талаб карданд.
XS
SM
MD
LG