Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ мушакҳои бештари худро озмудааст


Кореяи Шимолӣ эълон кардааст, ки мушакҳои бештаре барои озмоиш ба ҳаво партоб мекунад ва озмоиши ҳастаӣ анҷом медиҳад.

Кумиссиюни Миллии Дифои ин кишвар гуфтааст, ки ин озмоишҳо “душмани савгандхӯрдаи мо Амрико”-ро ҳадаф қаро додааст.

Ин ниҳоди низомӣ эъломияи худро рӯзи панҷшанбе нашр кард ва як рӯз пеш аз он Шӯрои Амнияти СММ қатъномаеро ба тасвиб расонд ва бар зидди Кореяи Шимолӣ барои озмоиши мушакҳояш дар моҳи декабр таҳрим ҷорӣ кард.

Корея гуфт, ки ин озмоиши сулҳомез будааст ва моҳвораеро ба фазо партоб кардааст. Вале Амрико ва дигарон мегӯянд, ки он озмоиши фановариҳои мушаки дурпарвоз мебошад.

Тибқи қатъномаҳои солҳои 2006 ва 2009 Кореяи Шимолӣ ҳақ надорад фановариҳои мушакҳои дурпарвоз ва ҳастаиро такмил диҳад.
XS
SM
MD
LG