Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи мусобиқоти футбол дар Аврупо тағйир ёфт


Сар аз соли 2020 мусобиқоти қаҳрамони футболи Амрико дар 13 шаҳри кишварҳои минтақа баргузор хоҳад шуд. Федератсияи Футболи Аврупо ва ё УЕФА, рӯзи ҷумъа бо муаррифии ин барномаи нав гуфт, ки ҳар кишвар ҳақ дорад, бозиҳоро фақат дар як майдонаш баргузор кунад. Аввал дар 12 шаҳр, гурӯҳҳои се дастаӣ бозӣ мекунанд ва бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ дар ҳамон майдон баргузор мешавад. Ҳеҷ кишваре мизбони расмии бозиҳо нахоҳад шуд ва майдонҳои бозиро моҳи сентябри соли 2014 интихоб мекунанд. Кишварҳои хоҳишманди баргузории бозиҳо бояд то сентябри ҳамин сол дархости худро ба Федератсияи Футболи Аврупо бисупоранд. Дар гузашта мусобиқоти қаҳрамони футболи Аврупоро як ва ё ду кишвар мизбонӣ мекарданд, вале моҳи декабр УЕФА қарор кард, ки аз ин таҷриба даст бикашад.
XS
SM
MD
LG