Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳо дар шаҳрҳои Миср ба хушунат печид


Раҳпаймоиҳо ба муносибати дуввумин солгарди қиёмҳои мардумӣ дар Миср, ки ба ҳукумати тӯлонии Ҳуснӣ Муборак раиси ҷумҳури собиқ дар ин кишвар хотима дод, ба хушунат печид. Вазорати умури дохилии Миср гуфт, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис дар шаҳрҳои бузурги кишвар тақрибан 100 нафар захмӣ шуданд. Дар ин рӯз ҳазорон нафар аз тазоҳургарони мухолифи давлат дар Майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Қоҳира ҷамъ омаданд. Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср ба хиёбонҳо рехтаанд ва дар баъзе аз гӯшаҳои шаҳр миёни ду тараф ҷанҷолу муноқиша сар задааст. Зимни саъйи маъмурони пулис барои пароканда кардани издиҳоми мардум бо истифода аз гази ашковар, тазоҳургарон ба сӯи онҳо санг андохтанд. Дар шаҳри Искандария ҳам айни чиз мушоҳида шудааст. Муҳаммад Ал-Бародаӣ, сиёсатмадори мухолифи давлат аз ҳамаи мисриҳо хостааст, “нишон бидиҳанд, ки инқилоб бояд такмил шавад.” Муҳаммад Мурсӣ раиси ҷумҳури Миср рӯзи панҷшанбе аз тарафдоронаш хост, дуввумин солгарди қиёми мардумиро “орому осоишта” таҷлил кунанд.
XS
SM
MD
LG