Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ дар 3 шаҳр вазъи фавқулодда эълон кард


Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср дар се шаҳр вазъи фавқулодда эълон кард. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни нооромиҳо дар ин шаҳрҳо дар рӯзҳои ахир афроди зиёде кушта шуданд.

Мурсӣ фармони худро дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар шаҳрҳои Порт Саид, Исмоилия ва Суез шоми рӯзи якшанбе эълон кард.

Дар эъломияи худ Мурсӣ ҳамчунин қавл дод, ки бо “шахсиятҳои сисёсӣ” рӯзи душанбе музокираро оғоз хоҳад кард, то ба бӯҳрони ахир хотима гузошта шавад.

Рӯзҳои ахир дар нооромиҳо тақрибан 50 нафар кушта шудаанд. Бештари онҳо дар шаҳри бандарии Порт Саид ё Бандари Саид ба қатл расидаанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе дар ин шаҳр бештар аз 30 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG