Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Масчоҳ 4 нафари дигар боздошт шуданд


Дар ноҳияи Масчоҳ чаҳор нафарро барои он боздошт карданд, ки ба мақомоти интизомӣ ҷои пинҳон шудаи гурурҳои тундравро хабар надодаанд.

Маҳмудулло Асадуллоев-сухангуи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон 28 январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд дар ҷараёни амалиёти боздошти аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон дар шимоли кишвар чаҳор сокини ноҳияи Масчоҳро барои хабар надодан аз ҷои пинҳон шудаи аъзои ин гуруҳ боздошт кардаанд.

Феълани ному насаби ин чаҳор нафар ба хотири халал нарасондан ба ҷарёани таҳқиқоти ҳодисаи ноҳияи Масчоҳ фош карда намешавад.

Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти рӯзҳои 9-10 январ дар ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар боздошт шудаанд.

Шариф Назаров-раиси пулиси вилояти Суғд 16 январ дар нишасти хабариаш дар бораи амалиёт дар Масчоҳ сӯҳбат карда буд.

Мақомот 3 тан аз боздоштшудаҳоро, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, ба фаъолиятҳои террористӣ ва 3 тани дигарро ба паноҳ додан ба ин афрод гунаҳгор мекунанд.

Додситонии Суғд гуфт, ки соли 2012 дар ин вилоят 72 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави мазҳабӣ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG