Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Киев 7 миллиард доллар тақозо кард


Сухангӯи ширкати давлатии гази Украина бо номи “Нафтогаз” рӯзи душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки “Газпром”-и Русия хостааст, то Киев 7 миллиард доллар ба Маскав пардохт кунад, зеро аз меъёри пешбиникардааш камтар газ истифода бурдааст.

“Газпром”-и Русия мегӯяд, Украина нисбат ба мизоне, ки дар қарордодҳои миёни ду кишвар пешбинӣ шуда буд, камтар газ харидорӣ кардааст.

Соли 2009 дар давраи нахуствазирии Юлия Тимошенко миёни Русия ва Украина барои 10 сол қарордод имзо шуда буд. Ин қарордодро нахуствазири вақти Русия Владимир Путин ва Юлия Тимошенко имзо карда буданд.

Бар асои ин қарордод ҳар сол бояд Украина аз Русия 33,3 миллиард метри мукааб газ бигирад. Вале дар соли 2012 ин меъёр 25 миллиард метри мукаабро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG