Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи дастгоҳҳои сабт дар зиндонҳои Гурҷистон


Нино Гиоргобианӣ
Нино Гиоргобианӣ
Вазорати дохилаи Гурҷистон дар чандин зиндон таҷҳизоте ёфтааст, ки мегӯяд, дастгоҳҳои ғайриқонунии сабти садову видео будаанд. Сухангӯи ин вазорат Нино Гиоргобианӣ гуфт, таҷҳизоти назоратӣ ҳангоми таҳқиқи мавридҳои сӯъиистифода аз мақоми зиндонбонҳо кашф шудааст. Мақомоти гурҷӣ алакай видеоҳоеро таҳқиқ мекунанд, ки соли гузашта ифшо шуда, саҳнаҳои латукӯби бераҳмона ва ҳатто бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба маҳбусонро намоиш медод. Нашри ин видеоҳо дар моҳи сентябр ба мавҷи эътирозҳо ва истеъфои мақомоти аршади вазорати дохила мунҷар шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин видеоҳо барои шантажи маҳбусон истифода мешуд. Гиоргобианӣ гуфт, дастгоҳҳои назоратӣ дар зиндонҳои Тифлису Батумӣ, Зугдидӣ ва Кутаисӣ ёфт шудаанд.
XS
SM
MD
LG