Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони Петербург хостори визо бо Осиёи Марказӣ шудаанд


Бино ба хабари матбуоти Русия, имрӯз фаъолони шаҳри Санкт Петербург ҳамоише баргузор ва талаб мекунанд, ки барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба Русия визо ё раводид ҷорӣ шавад.

Тибқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад, ширкаткунандагон ба раҳгузарон дастуруламал тақсим хоҳанд кард ва дар ин дастуруламал дар бораи роҳҳои ҷамъоварии имзо дар шабакаи ҷаҳонии интернет машваратҳо дода шудааст.

Баргузоркунандагони ҳамоиш мегӯянд, ки дар натиҷаи сарозер шудани муҳоҷирон аз ин кишварҳо Русия ба мушкили ҷиддӣ, аз ҷумла бо ҷинояти ақалиятҳо, ташдииди муносиботи миёни миллатҳои гуногун, қочоқи маводи мухаддир (ба вижа аз Тоҷикистон), коҳиши дастмузд ва афзоиши бемориҳои гузаранда рӯ ба рӯ шудааст.

Аз сӯи дигар, ширкаткунандагони ҳамоиш дархост хоҳанд кард, ки миёни Русия ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо визо ё раводидро бекор кунанд.
XS
SM
MD
LG