Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси сохтмони «Газойл-сити»-и Маскав муттаҳам эълон шуд


Раиси идораи сохтмони нави «Газойл-сити»,ки 26 январи соли ҷорӣ дар он сӯхтор рух дод, барои риоят накардани қоидаҳои зидди сӯхтор муттаҳам эълон шудааст. Дар ин бора намояндаи раёсати умумии вазорати корҳои дохилаи Русия дар Маскав хабар додааст.

Пулис бо иҷозаи табибон 4 осебдидаро бозпурсӣ кардааст. Ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ду нафари дигар шаҳрвандони Узбакситон мебошанд. Ду нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ин сӯхтор 10 нафар ҷон бохтанд. Вале пулиси Маскав шумораи ононро 9 нафар нишон медиҳад. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд.
XS
SM
MD
LG