Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Миср: "Интихобот бе шаффофият маънӣ надорад"


Ҷабҳаи наҷоти миллии Миср, ки эътилофи аслии гуруҳҳои мухолифи Муҳаммад Мурсӣ аст, эълом кард, ки интихоботи парлумонии ояндаро таҳрим мекунад.

Ин иқдом дар эътироз ба қонуни интихобот сурат гирифтааст, ки мухолифон мегӯяд ба фоида гуруҳи "Ихвонулмуслимин", ҳизби ҳокими Миср тарҳрезӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Сомеҳ Ашур, сухангӯи Ҷабҳаи наҷоти миллии Миср рӯзи сешанбеи 26-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Қоҳира гуфт, «интихоботи бидуни қонуне, ки тазминкунандаи шаффофияти раванди он бошад, маъно надорад. Интихобот бидуни давлати қобили эътимоде, ки қонунро иҷро кунад, маъно надорад. Интихобот бидуни суботи ҳақиқии дастгоҳи қазоӣ, маъно надорад.»

Таҳрими интихобот аз сӯи аҳзоби либерал ва чапгарои мухолифи Муҳаммад Мурсӣ ин эҳтимолро ба вуҷуд овардаааст, ки рақобати аслӣ дар интихоботи дар сурати баргузории он, миёни гуруҳи «Ихвонулмуслимин» ва ҳизби салафии «Нур» маҳдуд шавад.

Қарор аст, интихоботи парлумонии Миср ҳудуди ду моҳ баъд оғоз шуда, дар чаҳор марҳила ҷараён гирад. Мухолифон мегӯянд, ки қонуни интихоботе, ки онро Маҷлиси шӯро тасвиб кард, ба фоидаи исломгароён аст. Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, узви ҳаракати "Ихвонулмуслимин" мебошад.

Эъломи таҳрими интихобот аз сӯи Ҷабҳаи наҷоти миллӣ, чанд соат пеш аз оғози даври нави гуфтугӯҳои миллӣ дар Миср садо дод. Ҷабҳаи наҷоти миллӣ ҳамчунин гуфт, ки ширкат дар нишастҳои гуфтугӯи миллиро намепазирад. Нишастҳои ин давр аз гуфтугӯҳои миллии Мисрро телевизиони давлатии ин кишвар ба таври зинда пахш мекунад.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дар маросими ифтитоҳи нишасти гуфтугӯҳои миллӣ, зимни таъкид ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар вақти муқарраршуда гуфт: "Бори дигар аз ҳама гуруҳҳо барои ширкат дар ин нишастҳо даъват мекунам.»
XS
SM
MD
LG