Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар осори бостонии Мисрро ба иҷора мегирад?


Расонаҳои мисрӣ гузориш додаанд, ки Қатар пешниҳоди иҷораи осори бостонии ин кишварро ба муддати се то панҷ сол ироа кардааст.

Рӯзномаи мисрии «Ал-явм ас-собеъ» аз манбаъҳои огоҳ дар вазорати осори бостонии Миср навиштааст, як кишвари халиҷӣ пешниҳоди иҷораи осор ва ҷойҳои бостонии Мисрро ба муддати се то панҷ сол дар ивази пардохти 200 миллиард доллар ироа додааст.»

Ин рӯзнома меафзояд, «бар пояи ин пешниҳод, танҳо кишвари ироакунанда ҳаққи баҳрабардорӣ аз ин ҷойҳоро хоҳад дошт. Ин пешниҳодро Шӯрои олии идораи осори бостонӣ, ки ҳафтаи гузашта нишасти худро баргузор карда буд, баррасӣ кардааст.»

Дар ҳамин замина, Муҳаммад Ал-Байлӣ, мудири кулли бахши осори вазорати осори бостонии Миср ба рӯзномаи «Ал-явм ас-собеъ» гуфтааст, "ҳанӯз намедонам, ки вазорат дар ин бора чи тасмиме гирифтааст ва хабар надорам, ки чигуна ба ин пешниҳод посух дода хоҳад шуд, зеро дар нишасти ахири Шӯрои олии осори бостонӣ ҳузур надоштам.»

Ӯ хотирнишон кард, «кишвари пешниҳоддиҳанда Қатар аст ва ин пешниҳодро Шайх Ҳамад бин Халифа, амири ин кишвар ироа кардааст. Ба таври табиӣ ин пешниҳод аз сӯи гуруҳи «Ихвонулмуслимин» пуштибонӣ мешавад."

Қатар бо кишвари Миср робитаҳои наздик барқарор кардааст. Асоси иқтисоди Миср бар пояи бахши сайёҳӣ ва туризм устувор аст, аммо пас аз инқилоб дар ду соли пеш ва идомаи нооромиҳои ва бӯҳронҳои сиёсӣ, ин бахш ба шиддат суқут кардааст. Қатар ҳам чанд бор барои пуштибонӣ аз иқтисоди Миср, кӯмакҳои нақдӣ ироа намудааст.

Аз сӯи дигар, мушовири пешини Шӯрои олии осори бостони Миср дар ин бора гуфт, "Қатар пешниҳод кардааст, ки дар марҳилаи аввал намоишгоҳе ба муддати се сол аз ҳама осори бостонии мисрӣ, ки қобили интиқол аст, дар Қатар баргузор кунад.»

Ӯ афзуд, Қатар як пешниҳоди дигаре низ кардааст, ки вазорати осори таърихии Миср онро эълом намекунад. Бар пояи ин пешниҳод, агар осори ғайри қобили интиқол мисли маъбадҳо, қабристонҳо, масҷид ва калисоҳоро иҷора шаванд, бар пояи он Қатар ба танҳоӣ имкони баҳрабардорӣ аз ин осорро хоҳад дошт.»
XS
SM
MD
LG