Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони боздоштшуда дар Ростовро раҳо кардаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, 15 муҳоҷири тоҷикро, ки бо иттиҳоми талош барои таҷовуз ба номус боздошт карда буданд, озод кардаанд, зеро иддаъо дар ин замина асосе надоштааст. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорат, бо ирсоли баёнияе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти интизомии шаҳри Ростови соҳили Дон, зимни шарҳи расмии ҳодиса гуфтаанд, зане, ки ҳамроҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар ширкати тирезасозӣ кор мекардааст, баъди моҷаро бо ошнои тоҷикаш, ба раёсати умури дохилӣ занг зада ва гуфтааст, ки дар ҳамин маҳал ӯро ба зӯрӣ нигаҳ дошта ва таҳдидаш мекунанд. Аммо баъди ҳозир шудани муфаттишон ба маҳалли кори муҳоҷирони тоҷик, маълум шудааст, ки масъалаи ҷиддие онҷо вуҷуд надорад. Пештар аз ин расонаҳои Русия бо нашри ин хабар, ки 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми талош барои таҷовуз ба номуси зане боздошт шуданд, ҳаёҳуеро дар расонаҳои ин кишвар барпо карданд.
XS
SM
MD
LG