Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳинд ширкати "Новартис"-ро ғамгин кард


Додгоҳи Олии Ҳинд, ҳукм дар бораи як дору бар зидди саратонро бетағйир гузошт, ки як ширкати дорусозии швейтсариягӣ онро аз они худ медонад. Ширкати Новартис иддаъо дорад, ки навъи такмилшудаи доруи саратони хун мавсум ба Glivec, офаридаи ҳамин ширкат аст ва дигарон ҳаққи тавлиди он доруро надоранд. Новартис мегӯяд, навъи такмилшудаи Glivec ба осонӣ дар бадан ҷазб мешавад ва бояд бо патенти нав моли ширкат ҳисобида шавад. Аммо Оҷонси Патенти Ҳиндустон қарор кардааст, ки доруи такмилшуда бар асоси доруи қадима аст ва зарурате барои судури патенти нав барои он вуҷуд надорад. Ширкати Новартис аз соли 2006 саъй дорад, ки навъи такмилшудаи Гливетсро моли худ эълон кунад ва гуфт, ки ҳукми ахир “ширкатро аз навоварӣ дар оянда дилсард мекунад. Ҳукми додгоҳи Ҳинд роҳро барои истеҳсоли доруҳои арзонтари саратони хун боз мекунад. Созмони Табибони Бидуни Марз гуфта буд, ки дар сурати пирӯзии Новартис дар додгоҳ, миллион беморони фақир дар саросари ҷаҳон аз дастрасӣ ба доруи мазкур маҳрум мешуданд.
XS
SM
MD
LG