Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 73 кило ҳашиш мусодира карданд


Маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе ду нафарро бо иттиҳоми қочоқи 73 кило ҳашиш боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри баёнияе гуфт, ки ин миқдори бузурги маводи мухаддирро рӯзи 30 март ҳангоми амалиёте дар шаҳри Душанбе аз дохили мошини Хайриддин Қамишев сокини ноҳияи Фархор пайдо кардаанд. Ҳамроҳи ӯ Ҷумъаназар Маллаев аз шаҳри Қӯрғонтеппа низ боздошт шудааст. Ба гуфтаи вазорат, дар қочоқи 73 кило ҳашиш се нафари дигар аз ҷумла як шаҳрванди Афғонистон даст доранд ва мақомот ба таҳқиқи ин парванда идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG