Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла интихоб мекунад: Мадуро ё Каприлес?


Маросими дафни президент Чавес дар Венесуэла
Маросими дафни президент Чавес дар Венесуэла
Рӯзи якшанбе дар Венесуэла интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Президенти қаблии ин кишвар Ҳуго Чавес дар моҳи март баъд аз муборизаи дусола бо саратон даргузашт.

Вориси интихобии Чавес Николас Мадуро, ки феълан сарпарасти мақоми президенти Венесуэла мебошад, имкони бештари пирӯзӣ дорад. Ӯ ваъда додааст, ки ақидаҳои Чавесро пайравӣ намуда, ба истилоҳ “сотсиализми асри XXI”-ро бунёд хоҳад кард.
Николас Мадуро
Николас Мадуро


Ин назария аз омехтаи сиёсати чапгаро, хароҷоти калон барои камбағалон ва назорати давлатии иқтисод иборат аст. Рӯзҳои ахир рақиби Мадуро Энрике Каприлес ҳам аз дастгирии бештари раъйдиҳандагон баҳраманд шудааст.

Каприлес мегӯяд, ӯ бар зидди ҳукумате мебошад, ки доимо бо камбуди ғизо, таваррум, камбуди барқ ва ҷинояткории рӯзафзун мувоҷеҳ аст. Венесуэла дорои бузургтарин захираи нафти рӯи олам аст. Ин кишвар ба режимҳои чапгарои Амрикои Лотинӣ кумаки зиёд мерасонад.

Энрике Каприлес дар байни ҳаводоронаш
Энрике Каприлес дар байни ҳаводоронаш


Барои ширкат дар интихоботи рӯзи якшанбе 18 миллиону 900 ҳазор шаҳрванди Венесуэла номҳояшонро сабт кардаанд. Дар саросари ин кишвар наздик ба 14 ҳазор маркази овоздиҳӣ ташкил шудааст, ки тақрибан дар ҳамаи онҳо овоздиҳии электронӣ имконпазир аст.

Моҳи октябр дар интихоботи президентӣ Чавес бо 55 дар сади раъйҳо бар Каприлес пирӯз шуда, барои боз як даври шашсола дар қудрат боқӣ монд. Вале дар пайи овоздиҳӣ вазъи саломатии Чавес ногувор гашту маъракаи савгандёдкунии ӯ доир нашуд. Ҳамин тариқ баъди ҳукмронии 14-солаи Венесуэла Чавес 5-уми март дар Каракас вафот кард.

Мадуро 50 сол дошта, дар ҳукумати Чавес муддати тӯлонӣ вазифаи вазири корҳои хориҷиро иҷро намудааст. Ӯ бо ифтихор худро пайрави Чавес меномад.

Рақиби Мадуро Каприлес 40 сол дошта, раёсати вилояти Мирандаи ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.

Рӯзи панҷшанбе ситораи футболи Аргентина Диего Марадона ба маъракаи тарғиботии Мадуро ҳамроҳ шуд. Дар телевизиони ин кишвар пайваста барномаҳое нашр мешаванд, ки дар он нақши Чавес дар рушди Венесуэла таърифу тавсиф мешавад.

Мухолифин ба комиссияи марказии интихоботи Венесуэла шикоят кардаанд, ки дар расонаҳои давлатӣ гузоришҳои якҷониба сиёсӣ пахш мекунанд. Тибқи қонунҳои Венесуэла дар арафаи интихобот тарғиби номзадҳо манъ мебошад.

Номзади пешдаст дар интихоботи Венесуэла19-уми апрел савганди раёсатҷумҳурӣ ёд мекунад.
XS
SM
MD
LG