Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши озоди Сурия ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон 24 соат вақт дод


Шӯришиён дар Сурия ба «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон 24 соат фурсат доданд то ба ҳамлаҳои худ дар хоки Сурия поён диҳад.

Салим Идрис, фармондеҳи Артиши озоди Сурия -- аз муҳимтарин гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи Башор Асад, «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнонро таҳдид кард, ки дар сурати мутаваққиф накардани амалиёташ дар Сурия, нерӯҳои таҳти фармонаш ин гуруҳро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Идрис дар гуфтугӯи рӯзи сешанбе бо шабакаи «Ал-Арабия» Мишел Сулаймон, раиси ҷумҳури Лубнон, Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб ва Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ-ро хитоб қарор дод ва гуфт: «Агар ҳамлаҳои «Ҳизбуллоҳ» ба сарзаминин Сурия поён наёбад, тамоми иқдомҳоро алайҳи ин гуруҳ ба кор хоҳем баст.»

Тайи ҳафтаҳои ахир Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон расман эълом кардааст, ки нерӯҳои он гуруҳ дар хоки Сурия ҳузур доранд. Ҳасан Насруллоҳ дар охирин суханронии худ гуфтааст: «Ҳама қурбониҳо ва паёмадҳоро мепазирем. Ҳамон гуна, ки ҳамеша ба шумо ваъдаи пирӯзӣ додаем, бори дигар низ ба шумо ваъдаи пирӯзӣ медиҳем.»

Рӯзи шанбеи 25-уми май, як рӯз пас аз ин гуфтаҳо, ду мушак ба минтақаи таҳти назорати «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон дар Бейрут бархӯрд кард.

Салим Идрис дар мусоҳибаи худ гуфтааст, агар «Ҳизбуллоҳ» тасмим нагирад, ки ҳамлаҳои худ ба Сурияро поён диҳад, ман наметавонад аз ин бештар ҷилави нерӯҳоямро бигирам.»

Ӯ дар идома гуфт: «Мо бо як наслкушӣ аз сӯи «Ҳизбуллоҳ» рӯбарӯ ҳастем… аз ҳама хоҳиш мекунам узри Артиши Озодро бипазиранд.»

Пештар Мишел Сулаймон, раиси ҷумҳури Лубнон ҳам аз дахолати «Ҳизбуллоҳ» дар ҷанги Сурия интиқод карда буд. Дабири СММ низ ахиран «нигаронии амиқ»-и хуро аз ҳузури он гуруҳ дар ҷанги дохилии Сурия эълом кардааст.
XS
SM
MD
LG