Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба Тайванчик


Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба Тайванчик
Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба Тайванчик

Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба Тайванчик кист ва чаро ҳамнишини вай шахсиятҳои раддаи аввали сиёсату бизнес ва ҳунари Русия мебошанд?

Дар маркази шаҳри Маскав дар як тарабхонаи машҳуру муҷаллал Олимҷон Тӯхтаохунов бо марде, ки барои қочоқи байналмиллалии аслиҳа дар Фаронса маҳкум шудааст, сарфи наҳор кард. Чанд дақиқа баъд аз он бо раиси пешини намояндагии Интерполи Маскав гуфтугӯи дӯстона анҷом дод. Баъд аз як соати дигар вай бо олигарх Михаил Прохоров ва сипас бо ситораи ҳунари овозхонии Русия Алла Пугачёва гуфтугӯ кард. Тӯхтаохунов ба ҳамин тартиб нимаи аввали як рӯз аз зиндагиашро паси сар кард.

Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба Тайванчик, уйғуртабор буда, соли 1949 дар Тошканд ба дунё омадааст. Бо пуштибонии молиаш аз варзишкорону ситораҳои ҳунар маъруф аст. Дар айни замон, Тайванчик молики як силсила казиноҳо дар Русия ба шумор мерафт. Ӯро аз сарони олами ҷиноии Русия низ ном мебаранд, вале худи Тӯхтаохунов мегӯяд, ки ӯ ҳамагӣ як соҳибкори оддист.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим

Амрико ҳам вайро ба бозиҳои ғайриқонунии барангезанда, мисли қартабозии пулакӣ муттаҳам медонад. Масалан, ФБР – Идораи федеролии тафтишоти Амрико - Тӯхтаохуновро муттаҳам кардааст, ки вай дар соли 2011 бо истифода аз “ҷойгоҳ”-и худ дар олами ҷиноӣ қарздоронро маҷбур кардааст, ки 21 миллион доллар пардохт кунанд.

Аммо Тӯхтаохунов ин иттиҳомотро комилан рад мекунад. Вай дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ ба суоле дар ин бора, ки оё дар Маскав зиста, ин корҳоро кардан мумкин буд, чунин посух медиҳад:


Тӯхтаохунов: “Агар ман пул медоштам, ин пулҳоро дар кишвари худ шустушӯ мекардам. Кишвари ман бояд аз ман шикоят мекард. Ман фикр мекунам, ки Амрико маро дӯст медорад. Онҳо бе ман наметавонанд зиндагӣ кунанд. Онҳо дар ҳамаи бадбихтиҳои худ қисман маро гунаҳгор медонанд. Ҳамаи ин бо Бозиҳои Олмипӣ иртибот дорад. Бозиҳо оғоз шуд. Маро гунаҳгор карданд ва ман даҳуним моҳ дар зиндон нишастам. Онҳо маро дар зиндон ягон бор дар бораи олимпиада чизе напурсиданд. Баъд аз ин раҳо карданд. 5 иттиҳомро ба ман бор карданд. Дар ин бора баъдтар ба ман вакилони мудофеъ дар Италия хабар доданд. Ҳоло онҳо аз ман чӣ мехоҳанд? Номи 30 нафар дар парванда омадааст. Онҳо гуфтаанд, ки ман ба шустушӯи пул машғулам, гӯё баъзе асарҳои наққоширо.... Аз ин 30 нафар ман фақат ду нафарашро медонам. Ман инро рад намекунам. Онҳо ҳамбозиҳои пешини ман дар қарта буданд. Онҳо дар давраи Шӯравӣ дар Русия зиндагӣ мекарданд. Мо бо онҳо қартабозӣ мекардем. Ман онҳоро медонам. Онҳо ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Ман гӯё бонк боз кардаам. Пулҳоро шустушӯ кардаам. Ман чиро шустушӯ кардам?”

Олимҷон Тӯхтаохунов (Тайванчик) дар бораи дидораш бо Путин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:14 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Боз як нафари дигар бо номи Аркадий Гайдамак, ки зодаи Русия аст, дар Фаронса барои фурӯши ғайриқонунии аслиҳа ба Ангола маҳкум шудааст. Вайро низ Интерпол ҷустуҷӯ мекунад. Вале гӯё ҷустуҷӯи Интерпол ба ин ду нафар дахл надорад ва онҳо дар маркази Маскав озодона наҳор мехӯранд. Яке дигар аз шаҳрвандони Русия бо номи Михаил Чёрний дар Исроил зиндагӣ дорад. Вайро ҳам, ки дӯсти шумост, Интерпол ҷустуҷӯ мекунад.

Тӯхтаохунов:
“Мо бо Михаил Черний дар Тошканд бо ҳам зиндагӣ мекардем. Мо як ҷо калон шудем.”

Озодӣ: Ҳоло вай ҳам дар ҷустуҷӯ қарор дорад?

Тӯхтаохунов:
“Кӣ гуфт, ки вай дар ҷустуҷӯ қарор дорад? Дар он ҷо ду соҳибкор бо ҳам баҳс мекунанд. Вай ягон қонунро вайрон накардааст. Соҳибкоре ширкати худро тақсим мекунад ва барои ҷустуҷӯ ба интерпол эълон медиҳад. Кор ҳамин аст. Тамом”.

Озодӣ: Дар солҳои 2011, 2012 Тӯхтаохунов дар чанд консерти хайрия барои Бунёди Федератсияи Русия ширкат кард. Онро Владимир Киселёв- дӯсти Владимир Путин ташкил карда буд. Оё шумо бо Путин-раҳбари давлат низ мулоқот доштед?


Тӯхтаохунов: “Ман вайро чанд бор дидаам. Вале ин далел буда наметавонад. Вай раисиҷумҳури мост. Ман ба вай эҳтироми зиёд дорам. Ман дар он консерт набудам. Вайро пеш аз омаданаш ба ин мақом медонистам. Вай дар таркиби ҳайати ҳукуматӣ бо Монтекарло омада буд. Аз дур дида будам. Бо ҳайат бо соҳибкорон мулоқот карда буд. Мулоқоти оддӣ буд. Ба назарам, бо Собчак омада буд.”

Бо ин ҳама, Олимҷон Тӯхтаохунов, нафаре ки расман дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва мебоист, дафтари Интерпол дар Маскав боздошташ кунад, ҳамоно бо ҳамон ғуруру ифтихори хоси худ дар Масква гашту гузор мекунад ва бо шахсоне, мисли Олег Прохоров, дар тарабхонаи итолёӣ наҳор мехӯрад.
XS
SM
MD
LG